ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – РОҲ БА СӮИ РУШДИ УСТУВОР
Дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавзеҳоти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» яке аз ҳадафҳои эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои соҳаҳои алоҳида ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандӣ ва ташаккули тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷомеа, хоса наврасону ҷавонон, марҳила ба марҳила тадбирҳо андешида, заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин равандро бомаром фароҳам меоварад.
Иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мавриди истиқболи қишрҳои мухталифи ҷомеа қарор гирифт. Махсусан, соҳибкорону намояндагони бахши хусусӣ ин иқдомро бо хушнудӣ пазируфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълони "Соли маърифати ҳуқуқӣ" як марҳалаи навро дар таърих ва сиёсати ҳуқуқии кишвар оғоз карданд. Ин тасмим бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон ва мусоидат барои фароҳам овардани заминаи қавии ҳуқуқӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор гирифта шудааст.
Дар ҳамин раванд, роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Реал трейдинг", соҳибҳуқуқи тамғаи тиҷоратии "Пайкар", низ аз ҳисоби мутахассисони таҷрибадори худ гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар давраи аз моҳи август то октябри соли равон чорабинии муҳимеро роҳандозӣ намуд, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва сифати касбияти кормандони марказҳои савдои "Пайкар" дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва воҳидҳои сохтории Ширкат дар минтақаҳои мамлакати мо равона карда шуда буд. Чорабиниҳо дар шакли тренингҳо гузаронида шуданд, ки дар онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Таҳкими маърифати ҳуқуқӣ барои бахши хусусӣ ва кормандони соҳаи хизматрасонӣ хеле муҳиму саривақтӣ ба шумор меравад. Зеро бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони ширкатҳои хусусӣ онҳо метавонанд барои амалӣ шудани қонунҳо ва сиёсати рушди устувор кумак расонанд.
Кормандони соҳаи хизматрасонӣ, ба вижа дар муассисаҳои гуногуни тиҷоратӣ бояд дониши ҳуқуқии худро барои ҳимояи ҳуқуқи муштариён, ҳифзи иттилоот ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тақвият диҳанд. Вақте ки кормандони соҳа фаҳмиши дурусти ҳуқуқҳоро доранд, онҳо метавонанд хидматрасонии боэътимод ва шаффофро ба мизоҷон пешниҳод кунанд, ки ин дар навбати худ ба рушди соҳа ва эътимоди ҷомеа мусоидат мекунад. Мо итминон дорем, ки таҳкими маърифати
ҳуқуқӣ дар бахши хусусӣ ва соҳаи хизматрасонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор ва таҳкими амнияти миллӣ мусоидат мекунад.
Роҳбарияти Ширкат чунин мешуморад, ки чорабиниҳои гузаронидашуда имконият фароҳам оварданд, ки ҳар як иштирокчӣ корманди намунавӣ гардида, минбаъд ба харидорони марказҳои савдои “Пайкар” ва умуман ба шаҳрвандон бо сифати баланд ва маданияти олӣ хизматрасонӣ намоянд. Инчунин, онҳо шаҳрвандони арзандаи ҷамъият гардида, дар ҳолатҳои гуногуни ҳаёт қарорҳои дуруст ва оқилона қабул намоянд.
УКРЕПЛЕНИЕ ПРАВОВОГО ПРОСВЕЩЕНИЯ – ПУТЬ К УСТОЙЧИВОМУ РАЗВИТИЮ
В ежегодном Послании Президента Республики Таджикистан в Маджлиси Оли Республики Таджикистан и в Указе Президента Республики Таджикистан, “Об объявлении 2024 года, Годом правового просвещения” основной целью была пропаганда правовой политики государства, особенно отдельных сфер общественной деятельности, повышения чувства гражданской ответственности и формирования патриотического воспитания.
Осуществляя патриотическое воспитание граждан, особенно подростков и молодежи, Правительство Республики Таджикистан поэтапно принимает меры и создает политико-правовую, социально-экономическую и культурную основу для этого процесса.
В частности, предприниматели и представители частного сектора с радостью восприняли эту инициативу. Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон объявил "Год правового просвещения" новым этапом в истории и правовой политике страны. Это решение было принято с целью повышения правовой осведомленности граждан и содействия созданию прочной правовой базы на пути достижения устойчивого развития.
В данном направлении руководство Общества с ограниченной ответственностью "Реал трейдинг", правообладатель товарного знака" Пайкар", формировал рабочую группу из числа опытных своих специалистов и в период с августа по октябрь месяцы текущего года провели важное мероприятие, направленное на повышение уровня правовых знаний и профессионализма сотрудников торговых центров "Пайкар " на территории города Душанбе и структурных подразделений компании в регионах нашей страны. Мероприятия проходили в форме тренингов, где осуществляли разъяснительную работу.
Укрепление правового просвещения для частного сектора и работников сферы услуг очень важно и своевременно. Потому что, повышая правовую осведомленность сотрудников частных компаний, они могут помочь в реализации законов и политики в области устойчивого развития.
Сотрудники сферы услуг, особенно в различных коммерческих учреждениях, должны укреплять свои юридические знания для защиты прав клиентов, защиты информации и предотвращения правонарушений. Когда сотрудники отрасли
имеют четкое представление о правах, они могут предоставлять надежные и прозрачные услуги клиентам что, в свою очередь, способствует развитию отрасли и укреплению доверия общественности. Мы уверены, что укрепление правового просвещения в частном секторе и сфере услуг будет способствовать достижению устойчивого развития и укреплению национальной безопасности.
Руководство компании считает, что проведенные мероприятия дали возможность каждому участнику стать образцовым работником и в дальнейшем предоставлять качественные и культурные услуги покупателям торговых центров “Пайкар” и гражданам в целом. Кроме того, они становятся достойными гражданами общества и принимают правильные и разумные решения в различных жизненных ситуациях.